ЯМАН: ҶОМЕАИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ПОЙТАХТИ МУВАҚҚАТИРО ЭЪТИРОФ НАМУДАНД
Созмону ташкилот ва сарони кишварҳои ҷаҳон ҳамлаи терористи болои сокинони осоишта дар фурудгоҳи музофоти Адани Яманро, ки боиси ҳалокати даҳҳо ва чароҳати садҳо тани дигар шуд, маҳкум намуда, ба мардум ва ҳукумати он изҳори ҳамдардӣ менамоянд. Ин ҳодиса дар ҳоле иттифоқ афтодааст, ки неруҳои сиёсии ин кишвар баҳри расидан ба як кишвари хатми ҷанги тӯлонӣ то андозае ба мувофиқа расидаанд.
Фиристодаи хоссаи СММ оид ба Яман Мартин Гриффитс тирандозӣ дар фурудгоҳи музофоти Адан, вокеъ дар қисмати ҷануби ин кишварро маҳкум намуд. Дар ин бора худи ӯ дар саҳифаи твитераш навиштааст. «Ман қотеъона ҳамала ба фурудгоҳи музофоти Аданро, ки замони ворид шудани ҳайати ҳукумати нав ба вукуъ паваста, боиси ҳалокати даҳҳо сокинони осоишта гардидааст, маҳкум менамоям».
Ба иттилои охирин, дар пайи як амали терористӣ болои фурудгоҳи музофоти Адани Яман 25 нафар кушта ва беш аз сад тани дигар ҷарроҳат бардоштаанд.
Ба иттилои расмӣ, зимни таркиш ҳайати ҳукумати нави Яман, ки дар дохили ҳавопаймо қарор доштанд, касе осеб надида, сари вакт берун бароварда шуда, ба бинои ҳукуматӣ, вокеъ дар ин шаҳр, бурда шудаанд. Дар ҳамин ҳол бархе аз расонаҳо гуфтаанд, ки миёни ҷароҳатбардоштагони ин ҳамла ноиби вазири алоқаи Яман Носир Шариф, намояндаи волии шаҳр Ҳасан ал – Замиқӣ ва директори маҳбусхонаи маҳаллӣ Ал – Мансур Наҷӣ ал – Маҳрӣ низ қарор доштаанд.
Хабаргузории “Ал – Ҷазира иттилоъ додааст, ки ин фурудгоҳ сараввал аз ҳудуди зери назорати ошӯбгарон қарордоштаи ҷосусии шаҳри Таиз мушакборон гардида, баъдан дар толори он чанд таркиш ба вукуъ пайвастааст. Ҳамзамон, дар ин фазо парвозибесарнишин низ ба мушоҳида расидааст. Баъдан, ин бесарнишин аз ҷониби эътилофи байналмилалии зери роҳбарии Арабистони Саъудӣ сарнагун карда шудааст.
Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх гуфтааст, ки дар ҳамла ба фурудгоҳи Яман се корманди ин ниҳод кушта шудаанд. Ин ташкилот ҳодисаро зиди меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ кардааст. Ҳукумати Яман дар ин ҳамлаи мушакӣ ба фурӯдгоҳ ошӯбгарони ҷосусии ҳаракати “Ансаруллоҳ» – ро гунаҳкор хондааст. Дар вокуниш, аъзои бюрои сиёсии ин ҳаракати ҷосусиҳо Муҳаммад – ал – Бахтӣ, ин итиҳомотро рад карда, гуфтааст, ки ин таркишҳо аз ҷониби гуруҳҳои мухталифи ҳукуматӣ, ки бо ҳам ихтилофи назар доранд, роҳандозӣ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар изҳороти сухангӯи хадамоти сиёсати берунаи Иттиҳоди Аврупо, Питер Стано зикр шудааст, ки Иттиҳоди Аврупо зарба ба фурӯдгоҳи музофоти Адани Яманро, ки ҳадаф аъзои ҳукумати нави он буд, шадидан маҳкум менамояд. «Ин як амали хушунатомези ғайри қобили қабул аст, ки дар лаҳзаи асосии татбиқи созишномаи Ар – Риёз оид ба ҳалли ҳамаҷонибаи сиёсии буҳрони ин кишвар, рух медиҳад» – зикр мешавад дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки Иттиҳоди Аврупо ба наздикони қурбониён изҳори тасаллият намуда, бори дигар таъкид намуд, ки барои низои Яман ягона роҳ ҳалли сиёсии он хоҳад буд.
Ёдрас мешавем, ки дирӯз ҳукумати нави Яман аз Арабистони Саудӣ ба музофоти Адан омад. Ин макон пас аз забти пойтахти он, шаҳри Санъо, аз ҷониби шӯришгарони ҷосусӣ, пойтахти мувваққатии ҳукуматӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофшудаи Яман қабул гардид. Дар шаҳри Ар – Риёз дар пайи созиши ҳукумат бо ҷудоихоҳон ҳайати хукумати нав бо шомил намудани ошӯбгарони ҷанубӣ таъсис дода шуд. Дар АрабистониСаудӣ ин ҳукумат дар назди президенти Яман Абураб Мансури Ҳоди савганди садоқат ёд кардааст.
ИМА низ ҳамала бафурӯдгоҳи Аданро маҳкум намудааст. Дар ин бора дар изҳороти Шӯрои амнияти миллии назди Қасри Сафед қайд шудааст. “Амрико ҳамла дар шаҳри Адан алайҳи ҳукумати навтаъсиси Ҷумҳурии Яманро шадидан маҳкум мекунад. Мо ҳукумат ва мардуми Яманро дар мубориза барои ояндаи беҳтар дастгирӣ мекунем» – гуфтамешавад дар изҳороти Қасри Сафед.
Дар ин пай Вазорати корҳои хориҷии Русия бомбагузориҳо дар фурудгоҳи музофоти Адани Яманро маҳкум карда, ба зарурати ҳалли саривақтии буҳрони низомӣ – сиёсӣ дар ин кишвар таъкид кардааст. Ин изҳрот дар сомонаи расмии ин ниҳоди берунаи Маскав дарҷ ёфтааст. “Мо ба аҳли оила ва дӯстони қурбониён изҳори тасаллият мекунем ва орзу дорем, ки захмиён ҳарчи зуд шифо ёбанд» – гуфтааст Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Ёдрас мешавем, ки муноқишаҳо дар Яман шуруъ аз соли 2015 идома дошта, дар баробари беҳокимиятӣ, боиси ҳалокати садҳо ҳазор сокини осоиштаи ин кишвар гардидааст.
Тоҷиддин САТТОРЗОДА,
“Садои Душанбе”