Дар доираи татбиқи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд

Дар доираи амалӣ гардидани «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ҳамасола дар мамлакат садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд, ки дар марҳилаи саноатикунонии мамлакат ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯянд.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии мамлакат Ширин Амонзода хабар дод.

Мавсуф зикр намуд, ки «Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карданд, ки «бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», инчунин барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он қабул ва амалӣ карда шаванд.

Дар доираи амалӣ гардидани супоришҳои Сарвари давлат моҳи майи соли равон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» қабул гардид».

Консепсияи мазкур аз панҷ самти калидии сиёсати миллӣ дар соҳаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ иборат аст: васеъ намудани соҳаи шуғли пурмаҳсул; донишу малака, технология ва имкониятҳои шуғли пурмаҳсул; рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул; ниҳодҳо ва барномаҳои бозори меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ.

«Ин Консепсия бо мақсади мусоидат ба амалисозии муқаррароти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар он сиёсат дар бораи васеъ гардондани шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ҳамчун яке аз чор самти афзалиятноки асосии рушди кишвар муқаррар шудааст, таҳия гардидааст»,- гуфт Ширин Амонзода.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE