Ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ оид ба делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон

Дар асоси мувофиқаи бадастомадаи Тарафҳо рӯзҳои 10 – 16 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE