«Чилучорчашма» ва мадрасаи «Хоҷа Машҳад» навсозӣ мешаванд
Интизор меравад, ки ояндаи наздик мадрасаи «Хоҷа Машҳад» ва мавзеи табиию таърихии «Чилучорчашма» дар доираи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёт»-и Бонки ҷаҳонӣ пурра навсозӣ гардида, ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шаванд. Инчунин дар атрофи ин мавзеъҳо инфрасохтори хизматрасонӣ ва ҳомстейҳо ташкил мегарданд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии маҳал саҳми арзанда мегузоранд.
Чунин зикр шуд дар конфронси миллии сайёҳии «Чилучорчашма»- шиносномаи сайёҳии водии Вахш», ки дар ноҳияи Қубодиён дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки конфронс бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар минтақаҳо ва муаррифии иқтидорҳои сайёҳӣ, инчунин чун бренди сайёҳӣ нишон додани минтақаи Вахш ба ҷаҳониён гузаронида шуда, дар кори он роҳбарони Кумитаи сайёҳӣ, Вазорати фарҳанг, Академияи миллии илмҳо, масъулони соҳаи сайёҳӣ аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ ва субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ ширкат доштанд.
Дар конфронс масъалаи беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо, муаррифии арзандаи иншооти табиию таърихии водии Вахш, таҳияи хатсайрҳои нав, таҳияи сабади маҳсулоти сайёҳӣ ва дар оянда ҳамчун бренди минтақавӣ истифода намудани зарфияти сайёҳӣ, аз қабили мавзеи табиию таърихии «Чилучорчашма», мадрасаи «Хоҷа Машҳад», мавзеи таърихии «Тахти сангин» ва дайри будоии «Аҷинатеппа» баррасӣ гардиданд.