Саҳми хоҷагидорони шаҳри Ваҳдат дар таъмини амнияти озуқаворӣ

Дар шаҳри Ваҳдат соли ҷори хоҷагидорон ба ҷой 4 ҳазору 200 гектар, дар майдони 7 ҳазору 683 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронидаанд, ки имрузҳо ҷамъоварии ҳосил дар саҳро бо маром пеш меравад. Ба маълумоти Раёсати кишоварзии шаҳри мазкур, дар кишти навбатӣ қаслан ҷуворимакка, лубиёгиҳо ва сабзавот кишт намудаанд, ки ҳолиси хуб ба даст оварда истодаанд.

Расидан ба амнияти озуқаврӣ яке аз ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, ки дар ин замина аз ҷониби Ҳукумати кишвар як қатор тадбирҳо амалӣ  мешаванд. Бо мақсади истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои корам дар шаҳри Ваҳдат кишти такрории зироатҳоро дар соли ҷорӣ нисбат ба соли қаблӣ ду маротиба афзудааст, ки имрузҳо хоҷагидорон ба ҷамъоварии маҳсулоти парвариш намудаи худ машғул мебошанд. Муҳиддин Ҳалимов мутахасиси Раёсати кишоварзии шаҳри Ваҳдат мегӯяд хочагидорони ин шаҳр дастуру супоришхои Ҳукумати кишварро  сармашқи кори худ карда, дар боло бардоштани ҳаҷми махсулот ва ғановатмандии бозори истеъмолӣ бо сабзавоту меваҷоти аз ҷихати эгалогӣ  тоза саҳми чашмрас мегузоранд.

Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзии шаҳри Ваҳдат дар кишти такрорӣ хоҷагидорон аслан лубиёгиҳо, ҷуворимакка, картошка ва хӯроки чорво кишт намудаанд, ки  ҳосили хуб ба даст оварда истодаанд. Муҳиддин Ҳалимов мутахасиси Раёсати кишоварзӣ бар он назар аст, ки дар ин шаҳр сол  аз сол фарханги истифодаи замин миёни аҳолӣ боло рафта, хоҷагидрон зироатеро кишт менамоянд, ки дар баробари афзудани ҳаҷми маҳсулот, онҳо суди молӣ гирифта тавонад.

Имрузҳо дар хоҷагниҳои деҳкон кишоварзии шаҳри Ваҳдат дар баробари ҷамъоварии ҳосил – кишти тирамоҳӣ оғоз гардида бо маром пеш меравад. Ба назари мутахасисони сохаи растанипарварии кишвар фаровонҳосилии зиротхои кишоварзӣ дар баробари агратехника аз навъҳои тухмии он  низ вобастагӣ дорад. Ба маълумоти Муҳиддин Ҳалимов – намяондаи Раёсати кишоварзии ин шаҳр, аз 13 ҳазору 749 гектар замини корами дар ихтиёр дошта, бояд дар майдони 5 ҳазору 200 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шавад. Зироати картошка- махсулоти мавриди назар майдонаш дар соли ояндадар ин шаҳр  афзоиш дода хоҳад шуд.

Дар соли ҷорӣ хоҷагидорони шаҳри Ваҳдат аслан дар истеҳсоли картоша, пиёз ва ғаладонагихо бештар муаввафақ буда, зиёда аз нишондод махсулот истехсол ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ намудаанд. Ба маълумоти Раёсати кишоварзии шаҳри Ваҳдат имрузҳо дар тамоми шаклҳои хоҷагидоии ин шаҳр ҷиҳати расидан ба  амнияти озукавори дар  кишвар ва бозори истеъмолиро зери назорат гирифтан, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд. Дар соли ҷорӣ дар ин шаҳр беш аз 100 га замини бекорхобида  ба гардиши кишоварзӣ дароварда шудааст, ки дар баробари ташкили ҷойхои нави корӣ, боло рафтани ҳаҷми маҳсулот  ва дар ин замина таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти низёи авалия замина фароҳам овардааст.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE