Сигоркашӣ ба саратон меорад

Мо  борҳо  дар бораи  зарари сигор шунидаему гуфтаем. Сигор заҳр аст!

Дар дуди сигор мавҷуд будани 30-намуд аз моддаҳои заҳрноктаринро олимон дар асоси тадқиқот собит сохтаанд, аз  ҷумла никотин, чандин намуди кислотаҳо, аммиак ва ғайра. Дар асоси тадқиқотҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар олам ҳар сол беш аз 6-млн кас аз вабои тамоку мефавтанд ва 600 ҳазор нафар аз заҳролудшавии дуди тамоку мемиранд. Ба гуфтаи коршиносон афзоиши рақамҳо боиси нигаронӣ буда, шояд то солҳои 2030 ин шумора ба 8-млн нафар расад.

Шояд шумо яке аз истифодабаранадагони сигор ҳастед ва шояд ҳеҷ шикояте аз саломатиятон надоред, аммо хато мекунед. Дуди сигор на танҳо ба худи шумо балки ба атрофиён низ таъсири манфӣ дорад.

Директори Пажўҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳӣ ҷоғу рўй Маҳмадулло Қосимов бар он назар аст, ки сигор кашидан одати бадест, ки боиси сар задани даҳҳо бемории дигар мегардад. Ба гуфтаи мавсуф «дуди сигор дар аввал ба ковокии даҳон паҳн гашта, моддаҳои заҳрогини  таркиби дуди сигор ба бофтаҳои атрофи дандон таъсир мерасонад ва рагҳои хунгард танг мешаванд, чунки ҳаво намерасад. Дандонҳо оҳиста- оҳиста талаф меёбанд ва рагҳои хунгард вазифаҳояшонро ба пуррагӣ иҷро намекунанд. Дар натиҷа устухонҳо об шуда, хунравӣ сар мешавад. Инчунин дар пардаи луобии даҳон ва забон ярачаҳо пайдо мешаванд ва ин ҳолат оварда мерасонад ба бемории саратон», – мегўяд ў.

Пас чаро мо инсонҳо дидаву дониста худро ба доми марг мекашем? Чаро фурӯши ин моддаи заҳрогин дар мағозаҳо фаровон ба чашм мерасад?

Дар ин росто таъкид медорем, ки роҳҳои тарғибу ташвиқи намудҳои тамоку пеш гирифта шавад. Андоз аз даромади фурӯши маҳсулоти зайл боло равад, то тиҷорати он коста шавад ва миёни ҷавонону наврасон дар муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои муассир ва корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардад.

  Дилбар Исматова

Садои Душанбе

 

 

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE