Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин барои солҳои 2023-2024 барномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2023-2024 Барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Санади мазкур имрӯз, 1 август зимни мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба имзо расонида шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи ҳамкории дуҷониба, татбиқи тавофуқоти раҳбарони ду кишвар дар мулоқот дар рафти Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин дар моҳи феврали соли 2022, масъалаҳои амнияти минтақавӣ, ҳолат ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Зимнан вазирон перомуни масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ инчунин дар чаҳорчӯби сиғаи Осиёи Марказӣ+Чин табодули назар карданд.
Дар мулоқот мувофиқа карда шуд, ки ҷонибҳо таҳкими ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва тандурустӣ, инчунин дар мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 идома медиҳанд.
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – коргоҳи «Лю Бан» ва инчунин дар маросими супоридани расмии 5 млн. воя ваксинаи зидди Ковид-19 ширкат карданд.