Ба ноҳияҳои ВМКБ беш аз 3 ҳазор адад китобҳои тозанашр тақдим мегарданд

Корвони фарҳангии китоб тавассути Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ҳазору 440 нусха китобҳои тозанашрро ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ба китобхонаҳои ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври ройгон тақдим менамояд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 19 август Корвони фарҳангии китоб ба ВМКБ ворид гардида, дар назди Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор намуд. Дар ин намоиш намояндагони аҳли фарҳангу маориф, тандурустӣ, мақомоти қудратӣ ва хонандагону донишҷӯён китобҳои мавриди таваҷҷуҳи хешро хариданд.

Дар намоиш-фурӯши китоб зиёда аз 530 номгӯй адабиёти илмӣ, соҳавӣ, сиёсӣ, тиббӣ, бадеӣ, бачагона аз осори адибони классику муосир ва ҷаҳон ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

Корвони фарҳангии китоб тавассути Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал тадбиқ намудани банди 24-и «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва таъмину мукаммалгардонии китобхонаҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои тознашр роҳандозӣ мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE