Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  дар минтақаи Ҳисор ҷамъбаст гардид

Дар шаҳри Ҳисор даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур аз 17 то 23 октябр бо иштироки довталабон аз 8 шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ- Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Варзоб, Рӯдакӣ, Файзобод ва Роғун аз рӯи панҷ номина баргузор шуда, ғолибони даври минтақавӣ муайян гардиданд.

Муовини Раиси шаҳри Ҳисор Бунафша Юлдошзода иброз дошт, ки ҳар номинаи озмун шаффофу одилона баргузор гардида, ҳакамон малакаву дониши иштирокчиёнро санҷида, аз миёни онҳо, ки беш аз 300 нафарро ташкил медоданд, беҳтаринҳоро интихоб ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат доданд.

Зимни озмун муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо ҳакамону иштирокчиёни он аз наздик дидору мулоқот карда, вобаста ба шароиту имконияти фароҳамгардида ва мушкилоташон суҳбат намуданд.

Тибқи иттилои раиси ҳакамон, аз шумораи умумии иштирокчиёни озмун ба даври ҷумҳуриявӣ 79 нафар роҳхат гирифтаанд, ки 15 нафарашон аз шаҳри Ҳисор мебошанд. Дар ҷадвали ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ шаҳри Ваҳдат дар ҷойи аввал ва шаҳри Ҳисор дар ҷойи дуюм қарор дошта, шаҳру ноҳияҳои боқимонда аз рӯи холҳои гирифтаашон ҷойҳои боқимондаро соҳиб гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE