Дар ҷамоати деҳоти ба номи Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Вахдат бунёди беш аз 60 иншоот дар назар дошта шудааст

Дар ҷамоати деҳоти ба номи Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Вахдат ба ифтихори ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии кишвар бунёди беш аз 60 иншоот дар назар дошта шуда, дар остонаи  чашни 31- солаги Истиқлоли давлатӣ чанде аз он мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Ба маълумоти масъулин аксар ин лоиҳаҳо бо икдоми сохибкорони маҳаллӣ бунёд хоҳанд шуд.

  Дар баробари дигар шаҳру нохияҳои кишвар имрӯзҳо дар шаҳри Ваҳдат корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии 35-солагии Истиклоли давлатӣ  бо маром идома дошта, то имрӯз даҳҳо аз ин ишоот мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ба маълумоти мақомоти маҳал,  дар баробари маркази шаҳр дар 12 ҷамоату шаҳраку деҳоти он имрӯзҳо дар асоси нақша, давра ба давра иншооти таиноаташон гуногун мавриди истифода қарор дода мешаванд,-гуфт, Азизулло Абдуллоев муовини Раиси ҷамоати деҳоти ба номи Абдулло Абдулвосиеви шаҳри мазкур.

Дар доираи солҳои эълон гардидани солҳои 2022-2026 солҳои Рушди саноат дар кишвар  имрӯз дар деҳоти Тоҷикистон аслан корхонаҳое ба фаъолият оғоз менамоянд, ки  дар заминаи ашёи маҳалли маҳсулот истеҳсол менамоянд.  Азизулло Абдуллоев муовини Раиси ҷамоати деҳоти  ба номи Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат мегӯяд, хогагии  ин деҳот аслан ба корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва саноати сабук эҳтиёҷ дорад. Ба боварии  ӯ то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин ҳудуд беш аз 10- корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз хоҳад намуд, ки ба ташкили садҳо ҷойхои нави корӣ замина фароҳам меоранд.

           Ба маълумоти масъули Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат  танҳо дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Абдулло Абдулвосиеви шаҳри мазкур то ҷашни 35- солагии Истиклоли давлатӣ бунёди беш аз 10 муассисаи тиббию таълимӣ ба нақша гирифта шуда, дар остонаи соли нави хониш беш аз 20 синфхонаҳои иловагӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар умум имрӯз корҳои сохтмонӣ дар шаҳри Ваҳдат имрӯз ба як ҷабҳаи созандагӣ табдил ёфтааст.

        Тоҷиддин Сатторзода

“Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE