Тафсилоти таркиши мошини ҳомили газ дар роҳи Душанбе Чаноқ
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар километри 46 – уми роҳи Душанбе – Чаноқ, бинобар аз кор баромадани тормоз (низоми боздорандаи ҳаракат) автомобили барои интиқоли гази моеъ пешбинишуда ба садама дучор шуд.
Тафсилоти мухтасари садама чунин аст: Баъд аз кор баромадани тормоз, автомобили мазкур бидуни тормоз қариб ду километрро тай карда, сипас ба дарё сарозер мешавад.
Дар ин фосила ронанда худро аз мошин берун партофта, бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ ба беморхона интиқол меёбад.
Мутаассифона, баъд аз рух додани таркиш бо сабабҳое, ки баъдтар мақомоти дахлдор шарҳу тавзеҳ медиҳанд, ду мусофири ду автомобили сабукрав дар маҳалли ҳодиса аз алангаи оташи автомобили таркида ба ҳалокат расиданд. Ҳамчунин, як нафар зан зери автобуси самти Душанбе – Панҷакент монда, ҷон медиҳад. Чор нафари дигар, ки осеби ҷисмонӣ бардоштанд, ба беморхона интиқол дода шуданд.
Овозаҳо дар мавриди он ки автомобили зикршуда бо автобус бархӯрдааст, беасос мебошад. Нақлиёти мусофиркаши мавриди назар ба дохили ҷуйбори канори роҳ афтода, мусофирони он, аз ҷумла 17 шаҳрванди хориҷӣ сиҳату саломатанд.
Роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба наздикону пайвандони нафарони фавтида изҳори ҳамдардӣ намуда, ба онҳо сабри ҷамил хоҳонанд.
Аз ронандагон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки пеш аз сафар ба ҳолати техникии воситаи нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, то боиси пайомади ногувор нагардад.
Ҳоло роҳ кушода буда, ҳаракати муназзами тамоми намуди нақлиёт таъмин аст.