Имрӯз бо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Покистон кумаки башардӯстона фиристонида шуд

Имрӯз, 7 сентябр бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони мошинҳо бо кумаки башардӯстона барои мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон аз майдони «Наврӯзгоҳ» — и шаҳри Душанбе ба роҳ баромад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар маросими гусели корвони башардӯстона намонядагони Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 6 сентябр бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода қабул гардид, ки дар асоси он ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона ҷудо карда шуд.

Кумаки башардӯстона аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 адад шифер иборат мебошад, ки вазни умумии беш аз 3000 тонна ва маблағи 12 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Тибқи фармоиши зикршуда, сохтору мақомоти дахлдори кишвар барои то қаламрави Ҷумҳурии Исломии Покистон расонидани кумаки ҷудогардидаи башардӯстона вазифадор карда шуданд.


Таъкид бояд кард, ки иқдоми зикршуда нишони сиёсати башардӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Роҳбари давлати Тоҷикистон мебошад.

Имрӯзҳо мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистонро бориши зиёди борон ва ба амал омадани обхезиҳо, ки беш аз як моҳ инҷониб идома доранд, ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд.

Бар асари офатҳои табиӣ 1265 нафар ба ҳалокат расида, 33 миллион нафар шаҳрвандони кишвар зарар дидаанд.

Ҳамчунин беш аз як миллион манзили истиқоматӣ, роҳу пулҳо, дигар иншооти инфрасохторӣ ва заминҳои кишоварзӣ пурра хароб гардидаанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE