Мулоқоти муштарак бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ
15 марти 2023 дар шаҳри Риёз мулоқоти муштараки сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Нидерланд ва ҳамоҳангсози муқими СММ дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар умури бисёрҷонибаи байналмилалӣ Абдурраҳмон Ар-Рассӣ баргузор гардид.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар мулоқот масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла раванди омодагии ҷонибҳо ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид 2023, ки 22-24 марти соли равон дар Ню-Йорк таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд аълоҳазрат Виллем-Александр баргузор мегардад, баррасӣ шуданд.