Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арманистон баргузор шуданд

20 сентябр дар шаҳри Душанбе бар асоси Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Арманистон дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти корҳои хориҷӣ баргузор шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо масоили рӯзмарраи муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни Тоҷикистон ва Арманистон муҳокима намуданд.

Табодули афкор роҷеъ ба ҳамкории ду кишвар дар ҷаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва инчунин масоили амнияти минтақавӣ сурат гирифт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE