Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ ҳамоиш баргузор мешавад

Ҳамасола  22 сентябр дар Тоҷикистон  Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил ва ба бузургдошти шоири тавоно, қофиласолор ва бунёдгузори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида мешавад.

Бахшида ба ин рӯз 23 сентябр дар Институти забон ва адабиёти  ба номи Рӯдакӣ таҳти унвони «Шеъри Рӯдакӣ: таҳқиқ, тарҷума ва нашри он дар Шарқ ва Ғарб» ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад.

Тавре дар институти мазкур ба АМИТ  «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш дар мавзӯъҳои «Устод Рӯдакӣ ва фарҳангнигорӣ», «Тадқиқоти оғозин дар бораи устод Рӯдакӣ ва мулоҳизаҳо дар атрофи он», «Соматизмҳо дар шеъри устод Рӯдакӣ», «Мулоҳизаҳо перомуни «Калила ва Димна», «Тарҷумаи шеъри устод Рӯдакӣ дар Ғарб», «Маликушшуаро Баҳор ва устод Рӯдакӣ: аз пайравӣ то илҳомпазирии халлоқона», «Нақши Сотим Улуғзода дар бозтоби симои устод Рӯдакӣ дар кино ва театр», «Хусусияти сохторӣ ва маъноии калимаҳои суғдӣ дар осори Рӯдакӣ»,  «Дер зиёд он бузургвор худованд… (Таҳлили як шеъри устод Рӯдакӣ)» маърӯзаҳо аз ҷониби олимони тоҷик дар назар аст.

Инчунин дар ҳамоиш нашри нави китоби Саид Нафисӣ «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ» дар Порис рӯнамоӣ мегардад.

Таъсиси Рӯзи Рӯдакӣ дар мамлакати мо самара ва ташаббусу дастгирии бевоситаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба шарофати он соли 2002 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид шуд. Бар асоси он 22 сентябр дар саросари мамлакат Рӯзи Рӯдакӣ эълон гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE