Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ 1 ноябр доир мегардад

Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) 1 ноябр таҳти раёсати Чин дар сиғаи конфронси видеоӣ баргузор мешавад. Тавре бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад,  дар ин бора рӯзи сешанбе зимни брифинг намояндаи вижаи президенти Федератсияи Россия доир ба корҳои СҲШ, сафири дастурҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ Бахтиёр Ҳакимов изҳор дошт.

Вай дар посух ба ин суол, ки оё СҲШ метавонад ҷойгузини созмонҳои низомиву иқтисодии ғарбӣ шавад, гуфт: “Мо ҳеҷ гоҳ вазифа нагузоштаем ва намегузорем, ки ҷойгузини касе шавем, мо рақобат намекунем ва ҳариф намешавем, ин дар оиннома возеҳ навишта шудааст. СҲШ бар зидди касе равона нашудааст”.

Ҳакимов ҳамчунин хабар дод, ки онҳо ният доранд забони англисиро дар СҲШ ба забони корӣ табдил диҳанд. «Болои он кор бурда истодаем, ки забони англисӣ расман яке аз забонҳои кории СҲШ гардад”,- гуфт ӯ.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE