«Шахсияти бузурги таърихсоз». Ба ифтихори Рӯзи Президент китоб нашр гардид
Дар арафаи Рӯзи Президент ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҳти унвони «Шахсияти бузурги таърихсоз» китоб нашр гардид.
Муаллифи китоб муҳаққиқ ва рӯзноманигор, сардабири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» Шодӣ Шокирзода мебошад, ки дар нашрияи «Меҳроҷ-граф» зери назари узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба нашр расид.
Китоби мазкур аз ду мақола — «Шахсияти бузурги таърихсоз» ва «Масъулият барои фардои миллат», ду гузориш- «Ҳадиси дӯстӣ поён надорад» ва «Ганҷи бепоёни мо» ва ду муаррифиномаи китобҳои Пешвои миллат «Забони миллат –ҳастии миллат» («Рукни аслии давлатдорӣ ва тафаккури миллӣ») ва «Имоми Аъзам. Рӯзгор, осор ва афкор» («Ҷаҳони илму дарёи маонӣ») иборат мебошад.
Дар мақолаҳои китоб сухан аз хидматҳои босазову мондагори Пешвои миллат меравад.
Ба андешаи муаллифи китоб, воқеан ҳам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти волои таърихсоз аст. Асарҳои «Тоҷикон дар ойинаи таърих» (иборат аз чор китоб), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Мавлонои Балхӣ ва тамаддуни башарӣ», «Забони миллат — ҳастии миллат» (дар ду китоб), «Чеҳраҳои мондагор» ва амсоли инҳо аз ҷумлаи пажӯҳишҳои пурвусъату бунёдие ҳастанд, ки ба қалами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутааллиқ мебошанд.
АМИТ “Ховар”