Бозии дуюми дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон низ бо бохт анҷомид
Шоми дирӯз дар бозии дуюми дӯстона дастаи футболи мунтахаби Тоҷикистон аз мизбони мусобиқа-дастаи мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 3:2 мағлуб гардид. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳарчанд футболбозони тоҷик бозиро хуб шурӯъ карда, то дақиқаи 20-ум бо голҳои задаи Давронҷон Эргашев (10) ва Комрон Турсунов (20) ба пеш баромаданд, аммо дар идомаи рақобат тавассути ду голи Алӣ Аҳмад Мабхут (9, 63) ҳисоб баробар шуд. Натиҷаи муссовӣ барои футболбозони тоҷик муқобили яке аз дастаҳои пурқуввати Осиё қаноаткунанда ҳисоб мешуд, аммо дар дақиқаи 4-уми иловагӣ мизбонон аз як фурсат истифода намуда, натиҷаро 3:2 карданд. Муаллифи гол Алӣ Солеҳ шуд. Ҳамин тариқ, ҷамъомади таълимиву тамриниии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар моҳи ноябр ба поён расид.