Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти ин ниҳоди давлатӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти хабарӣ бо намояндагони ВАО -и дохил ва хориҷи кишварамон баргузор гардид. Баҳодур Шерализода раиси Кумита дар ҳамоиши мазкур қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ 15 223 адад мушоҳида ва ташхисҳои ҳолати муҳити зист аз ҷумла 11 628 адад мушоҳида ва ташхисҳои ҳавои атмосфера дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Гулистон, Бохтар ,Турсунзода, 128 адад ташхисҳои боришот, 2998 адад ташхисҳои обҳои рӯизаминӣ ва 469 адад мушоҳидаҳои ҳолати нурафканӣ гузаронида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 25,8 % зиёд мебошад.

Нигинаи Давронзод
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE