Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

2 октябр Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Саудро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода  ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE