Ҳамоиши илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи забон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Таҳти унвони  «Пешвои миллат – ҳомии забон»  имрӯз дар Иниститути забон ва адабиёти  ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ- амалӣ доир гардид.  Зимни он олимону муҳақиқони кишвар оид ба моҳият ва рисолати таърихии забони давлатӣ ва саҳми он дар рушди тамадуни башариро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар кори ҳамоиши илмӣ- амалии «Пешвои миллат – ҳомии забон»  намояндагони сохторҳои давлатӣ, муҳақиқон, забоншиносон ва коршиносону омӯзгорон ширкат намуданд . Фарҳод Раҳимӣ -президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  зимни суханони ифтитоҳӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, изҳор дошт, ки  забони тоҷикӣ  таи 6 ҳазор сол тавонистааст, новобаста аз ҳаводиси таърихӣ, милати тоҷикро то ба имрӯз расонад. Президенти Академияи милли илмҳои кишвар санаи 5 октябри  соли 2009 қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ»-ро аз дастовардҳои замони истиқлоли давлатии мамлакат маънидод кард.

Сипас дар чорабинии мазкур узви вобастаи Академияи милии илмҳои Тоҷикистон Мирзоҳасани Султон  дар маърузааш дар мавзуи « Забон ва истиқлол»  таъкид намуд, ки дар тули 30 соли истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ муҳимтарин омили ваҳдат ва сарҷаъмии миллат гардида бори дигар мактаби бинои ҳастӣ ва бақову миллат будани худро ба исбот расонидааст. Номбурда дар пойдориву истуворӣ ва ба марҳилаи нави рушт ворид гардидани забони давлатиро аз саҳми бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кард.

Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Ҷилло Гулназарзода дар баромадаш изҳор дошт, ки ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ санаи 27 сентябр соли ҷорӣ бо иқдоми  Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт, ки дар хотироти аҳли омӯзгорон ин боргоҳ, ин санаи таърихӣ ёд мешавад.

Пас аз маърӯзаҳои олимону муҳақиқон дар кори ҳамоиши илмӣ- амалӣ таҳти унвони «Пешвои миллат – ҳомии забон»  муарифии як чанд китобҳои тозанашри забони тоҷикӣ баргузор гардид. Зимнан, дар анҷом бо иштироки ҳунармандони Кансерваторияи милии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов барномаи консертӣ пешниҳоди хозирин гардонда шуд, ки ҷашни Рӯзи забони давлатиро дар худ таҷассум намуда, ба ҳамоиш шукӯҳу таровати дигаре бахшид.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE