Мубодилаи барқияҳои табрикии Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев
Имрӯз миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев омадааст:
«Муҳтарам Шавкат Миромонович,
Сиюмин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон фурсати фараҳбахшеро фароҳам овардааст, то дар ростои ин санаи муҳим дар таърихи навини робитаҳои байни кишварҳоямон ба Шумо табрикоти гарму самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро расонам.
Боиси хушнудист, ки дар ин давра муносибатҳои дӯстӣ, ҳусниҳамҷаворӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон, зимни рушди пайваста дар тамоми соҳаҳои мавриди манфиати ҷонибҳо, имрӯз ба сатҳи баланди шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ расидаанд.
Мо аз ҳолати кунунии муносибатҳои барои ҷонибҳо судманди ду кишвар амиқан изҳори қаноатмандӣ карда, итминон дорем, ки ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Узбекистон, ки бар асоси усулҳои пойдори ҳамсоягии нек, эҳтиром, эътимод ва дастгирии ҳамдигарӣ бунёд ёфтаанд, минбаъд низ бо суръати афзоянда рушд намуда, ба нафъи манфиатҳои аслии ду мардуми бародар бо иқдомҳои нави созанда ғанӣ хоҳанд гардид.
Ба Шумо, Шавкат Миромоновичи азиз, сиҳатмандии комил, некуаҳволӣ ва комёбиҳои навин, ба мардуми дӯсти Узбекистон сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии устувор орзу мекунам».
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам, Эмомалӣ Шарифович,
Бародари азиз,
Хеле шодам, ки Шуморо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми бародари тоҷикро ба муносибати 30-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатии байни Ӯзбекистону Тоҷикистон самимона табрик намоям.
Мехоҳам махсусан таъкид намоям, ки таърихи сисолаи ҳамкориҳои мо пур аз рӯйдодҳои муҳимму дурахшон буда, равобити наздику дӯстона дар ҳамаи соҳаҳо пайваста таҳким ёфтаанд, заминаи ҳуқуқӣ ва механизмҳои босамари сохтории муносибатҳои гуногунҷанба таъсис дода шудаанд.
Мо махсусан аз он шодем, ки ҳамкориҳои миқёсан васеи байни кишварҳои мо барқароргардида бар пояи усули эътимод ба якдигар, эҳтироми баланд, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ бо суръати баланд рушд меёбанд.
Муҳимтар аз ҳама он аст, ки имсол, дар соли ҷашни ин санаи муҳим мо ҷиҳати ба зинаи боз ҳам баландтар, ба сатҳи ҳампаймонӣ баровардани муносибатҳоямон қарори таърихӣ қабул кардем ва якҷоя барои расидан ба ин ҳадафи воло иқдомоти амалӣ ва пойдорро роҳандозӣ менамоем.
Муколимаи фаъоли дар сатҳи олӣ ва баланд дар рӯҳияи шаффофияту созандагӣ бароҳмондашуда, инчунин механизмҳои амалкунандаи танзими муносибатҳои байнидавлативу байниҳукуматии мо ҳамчун асоси устувор барои таҳкими ҳамкориҳои судманди ҷонибҳо дар ҳамаи самтҳо хидмат карда истодаанд.
Муътақидам, ки мо минбаъд низ мунособатҳои рушдёбандаи худро дар маҷрои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ таҳким бахшида, дар роҳи шукуфоии умумии мардумонамон, ки дорои таъриху фарҳанги муштарак мебошанд, дар якҷоягӣ ба сӯи ҳадафҳои нав собитқадамона пеш меравем.
Бори дигар Шуморо, Ҷаноби Олӣ, бо ин санаи муҳим дар таърихи муносибатҳоямон табрик намуда, ба аҳли хонаводаи Шумо саломатии бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон комёбиҳои бузург, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоии доимиро таманно менамоям».