Эмомалӣ Раҳмон: «Қабули ин қатънома гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад»
Мо хушҳол аз онем, ки ташаббуси мо бо дарки масъулият аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонии ҳаматарафа ёфт. Бешубҳа, қабули ин қатънома, яъне ташаббуси панҷуми Тоҷикистон гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Итминони комил дорам, ки Тоҷикистон дар пешбурди масоили ҷаҳонии обу иқлим ва мавзӯъҳои дигари рӯзномаи байналмилалӣ минбаъд низ ба ҳайси кишвари ташаббускор боқӣ хоҳад монд, — чунин иброз доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон гардидани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо».
Сарвари давлат зикр карданд, ки «14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми моро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд.Тибқи ин қатънома, аввалан, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд. Дуввум ин ки, аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.
«Инчунин, мутобиқи ин қатънома Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад.Чорум, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад»,- таъкид намуданд Пешвои миллат.