Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Руслан Казакбоев

Имрӯз, 19 ноябр дар шаҳри Душанбе  Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо  Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот таъкид шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба пайвандҳои чандинасраи дӯстию ҳусни ҳамҷаворӣ ва арзишҳои муштараки фарҳангию маънавӣ такя мекунанд.

Вазирон вазъи кунунии муколамаи дуҷонибаи сиёсиро баррасӣ намуда, изҳор доштанд, ки ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар ин самт василаҳои зарурии ҳамкорӣ, ба монанди Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ вуҷуд доранд.

 

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои ҳамлу нақл ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромарзиро баррасӣ карданд. Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бештари тиҷорат, фаъолияти муштараки сармоягузорӣ ва истифодаи пурраи иқтидори транзитӣ бояд тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.

Дар музокирот ба масъалаи таъйини ҳудуд ва аломатгузории хатти сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Вазирони корҳои хориҷӣ ба истифодаи пурраи имконоти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон бори дигар таъкид намуданд.

Ҷонибҳо ҳамкории кишварҳоро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА ва МҲТБО мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар фарҷоми музокирот Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон барои солҳои 2021-2022 ба имзо расид.

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE