Дар доираи «16 рӯзи мубориза бар зидди зӯроварии гендерӣ» давраи омӯзишӣ доир мешавад

Аз  25 ноябр то 10 декабр бо қарори махсуси   СММ дар тамоми давлатҳо маъракаи «16 рӯзи мубориза бар зидди  зӯроварии гендерӣ»  гузаронида мешавад.

Дар доираи маъракаи мазкур бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии Маркази иҷтимоии ҳуқуқии «Сарчашма» барои раисони Шӯрои занон ва кумитаи маҳаллаҳо дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» давраи омӯзишӣ баргузор намуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар машғулияти омӯзишӣ намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии Маркази иҷтимоии ҳуқуқии «Сарчашма» Муяссара Болтабоева ва мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Гулҷаҳон Умарова оид ба ҷараёни амалишавии Барномаи давлатӣ   оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 сухан гуфтанд.

Зикр шуд, ки  оила асоси ҷамъият буда, таҳти ҳифзи махсуси қонун ва давлат  қарор дорад. Ташаккули шахсият дар рӯҳияи инсондӯстӣ, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мавқеъ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба он вобастаанд. Бар зидди  зӯроварӣ дар оила ва барои ҳалли ин мушкилот бояд дастаҷамъона мубориза  бурд.

Дар омӯзиши мазкур ҳамчунин раисони Шӯрои занон ва раисони кумитаи маҳаллаҳо, омӯзгорони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок карда, сухан гуфтанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE