Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон

17 ноябри 2020 дар Тошканд мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ бо Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев баргузор шуд.
Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки ҳоло ҳаҷми гардиши тиҷорат байни ду кишвар аз 196,8 млн доллари ИМА-и соли 2016 ба 500 млн доллари ИМА расидааст.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба ҷониби Тоҷикистон барои дастгирии номзадии Ӯзбекистон дар интихоботи Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид изҳори миннатдорӣ кард.
Ҷонибҳо инчунин барои мусоидат ба густариш ва рушди бештари ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногун изҳори омодагӣ намуданд.
Манбаъ: Сомонаи ВКХ

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE