«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 то 3 майи соли 2026 дар пойтахти мамлакатМусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam 2026» оид ба ҷудо баргузор мегардад. Дар ин хусус шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Мусобиқа дар доираи силсилаи ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор шуда, яке аз бонуфузтарин чорабиниҳои варзишии ҷаҳон дар ин намуди варзиш ба шумор меравад.
Варзишгарон барои ба даст овардани холҳои муҳими раддабандии ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии ҷудо рақобат менамоянд, зеро ин холҳо барои баланд бардоштани мавқеи онҳо дар раддабандии ҷаҳонӣ аҳамияти калон доранд.
Мусобиқа аз рӯи 14 вазн — 7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон баргузор карда мешавад. Ғолибон ва ҷоизадорони ҳар вазн бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди варзиш, баланд бардоштани маҳорати варзишгарон ва муаррифии имконоти варзишии мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

