Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи илму маориф вусъат меёбад

Дар айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Федеративии Олмон беш аз 200 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуда, ҳамзамон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ба донишҷӯён забони олмонӣ таълим дода мешавад. Ин нукта зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн баён гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд.

Зимни суҳбат таъкид гардид, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар асоси Протоколи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ ва техникӣ ва барномаҳое, ки аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд, ба роҳ монда шудааст.

Дар баробари ин озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанни забони олмонӣ дар шаҳри Душанбе ва таҷлили Рӯзи омӯзгори забони олмонӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи чорабиниҳое буданд, ки соли 2022 дар доираи ҳамкории ҷойдошта баргузор гардидаанд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуда, вобаста ба баргузор намудани олимпиада аз фанни забони олмонӣ, ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Олмон, ба роҳ мондани табодули барномаҳои инноватсионӣ ва технологияҳои информатсионӣ, гузаронидани тадқиқоти муштараки илмӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон ва Олмон, ташкили курсҳои омӯзишӣ дар Олмон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар самти илму маориф ва чанд таклифу пешниҳоди дигарро ироа намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE