Дар Душанбе бо мақсади беҳтаршавии сифати хизматрасонии нақлиёти мусофирбари пойтахт вохӯрии гурӯҳи корӣ доир гардид
24 май бо иштироки роҳбарияти шаҳри Душанбе ва масъулини сохтору бахши техникии корхонаҳои нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе бо мақсади хубтару беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёт дар пойтахт, ҳамзамон пурзўр намудани назорати раванди фаъолияти ронандагон дар шабакаи хатҳои сайр ва бехатарии ҳаракат дар роҳ ҷаласаи корӣ доир шуд. Дар ин хусус дар МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» хабар доданд.
Таъкид карда шуд, ки бо фаро расидани фасли гармо масъулини соҳаи нақлиёти мусофирбарии пойтахтро мебояд, ки баҳри хизматрасонии сатҳи баланд, қабл аз ҳама ба ҳолати техникии воситаҳои нақлиёти ба хатҳои сайр сафарбаргардида диққати авалиндараҷа дода, назорати фаъолияти ронандагонро дар шабакаи хатҳои сайр пурзўр намоянд.
Дар вохӯрӣ вобаста ба риоя нагардидани пўшидани либоси ягонаи расмӣ аз ҷониби ронандагон ва инчунин зимни фаъолияти мусофирбарӣ бо телефони мобилӣ гуфтугу намудани онҳо изҳори нигаронӣ карда шуд. Дар ин замина ба роҳбарони ниҳодҳои дахлдор ва кормандони масъули корхонаҳои нақлиётӣ баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Инчунин гуфта шуд, ки пеш аз ба хати сайр сафарбар намудани воситаҳои нақлиёт, кормандони масъули корхонаҳои нақлиётӣ бояд ба ҳолати техникӣ ва тозагии воситаҳои нақлиёт диққати авалиндараҷа дода, доир ба риояи ҳатмии қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ бо ронандагон пайваста корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.
Дар фарҷоми ҷаласа таъкид шуд, ки баҳри пешрафти соҳаи нақлиёти мусофирбарӣ дар пойтахт дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим мо, кормандони ин соҳаро мебояд аз ҳарвақта дида, дар ин самт заҳмат кашида, ба сокинону меҳмонони пойтахт дар сатҳи баланд хизмат расонда, саҳми босазои худро дар рушду нумуи мамлакат, бахусус шаҳри Душанбе гузорем.
АКС: МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон»