Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук иштирок мекунанд
10-12 феврал дар пойтахти Қазоқистон- шаҳри Остона Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти пӯшида-2023 баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони Тоҷикистон низ иштирок мекунанд. Дар ин бора дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Ин Чемпионати 10-уми Осиё дар иншооти пӯшида хоҳад буд. Чемпионат бояд 11-13 феврали соли гузашта доир мегашт, аммо бо сабаби пандемияи COVID-19 як сол мавқуф гузошта шуд.
Интизор меравад, ки дар он беш аз 500 варзишгар аз 31 кишвари қора аз рӯи 26 риштаи варзиши сабук рақобат кунанд.
Аз ҷумла, дастаи мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 6 нафар — Илдар Аҳмадиев, Фаворис Музрапов, Леонид Пронженко, Александр Пронженко, Муҳаммадризо Мирзозода ба Остона сафарбар гардидааст. Қабл аз чемпионат аъзои даста дар шаҳри Остона ба ҷамъомади тамринӣ фаро гирифта шуданд.
Дар чемпионат занону мардон дар дав ба масофаҳои 60м, 400м, 800м, 1500м, 3000м, 60м бо монеаҳо, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш бо ходачӯб, ҷаҳиш ба дарозӣ, ҷаҳиши секарата, тела додани гулӯла, панҷҳарба (бонувон), ҳафтҳарба (мардон) ва эстафетаи 4х400м рақобат мекунанд.