Тоҷикистонро дар Чемпионати кушоди ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу 11 нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд

Аз 13 то 28 декабр дар шаҳри Санкт- Петербурги Федератсияи Россия ACB JJ Чемпионати кушоди ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу баргузор мегардад, ки дар он Тоҷикистонро 11 нафар варзишгарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу намояндагӣ мекунанд. Дар ин бора президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Раҷабалӣ Турсунзода хабар дод.

Дар Чемпионати кушоди ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу Сомон Турсунзода дар вазни 25 кг, Муҳаммад Шерализода дар вазни 30 кг, Мустафо Шерализода дар вазни 30 кг, Масъуд Убайдов дар вазни 30 кг, Шаҳром Маҳмуродов дар вазни 56 кг, Бобоҷон Мамадаминов дар вазни 60 кг, Шукрулло Мамасолеҳов дар вазни 75 кг, Қосимҷон Суфиев дар вазни 75 кг, Абдураҳмони Баҳромҷон дар вазни 75 кг, Алиакбар Исозода дар вазни 80 кг ва Шаҳзод Мирзоев дар вазни 60 кг иштирок мекунанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE