Аввалин хатмкунандагони давраи омӯзишии «Идоракунии рушди маҳал» соҳиби шаҳодатнома шуданд
12 декабр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишии «Идоракунии рушди маҳал» барои раисони ҷамоатҳо ва вакилони маҷлиси вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Тоҷикистон аз ҳисоби хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷамъбаст гардида, хатмкунандагони он соҳиби шаҳодатнома шуданд. Дар ин бора аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд.
Дар ҷамъбасти давраи омӯзишии такмили ихтисос Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода, Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов ва роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ, доктор Макс Георг Майер иштирок намуданд.
Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода зикр намуд, ки мақсади баргузории давраи омӯзиши такмили ихтисос аз омӯзиши ташаккули самтҳои асосӣ ва заминаи сиёсию ташкилӣ ва ҳуқуқии идоракунии рушди маҳал, вазифаҳо барои такмили идоракунии рушди маҳал, инчунин муайян кардани механизмҳо ва марҳилаҳои асосии татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал иборат мебошад.
«Фароҳам овардани шароит барои рушди устувори минтақа яке аз муҳимтарин ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат мебошад, ки ба даст овардани он амнияти озуқавориро таъмин мекунад. Ин ба қобилияти баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон ва сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон заминаи мусоид мегузорад. Консепсия асоси ташкилию сиёсӣ ва методологиро барои пешбурди навсозӣ дар сатҳи маҳал фароҳам оварда, ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии қаблан қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими функсияҳо, ташкил ва сохтори идоракунии маҳал мусоидат хоҳад кард»,-афзуд Абдухалил Ғафурзода.
Таҳияи барномаҳо оид ба такмили идоракунии маҳаллӣ вобаста ба баланд бардоштани неруи худидоракунии маҳаллӣ, муайян намудани манбаъҳои дастгирии молиявии функсияҳои идоракунии давлатӣ дар сатҳи маҳал ва худидоракунии маҳаллӣ, муайян намудани механизми бақайдгирӣ ва ба расмият даровардани моликият мувофиқи мақсад мебошад. Ҳадаф аз баргузории давраи омӯзишӣ- ин мусоидат барои аз худ намудани дониш ва тарзу усулҳои роҳбарӣ дар идоракунии давлатӣ мебошад.
Давраи омӯзишии «Идоракунии рушди маҳал» барои раисони ҷамоатҳо ва вакилони Маҷлиси вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи он дар 4 давра баргузор шуда, онро 20 нафар раисони ҷамоатҳо ва вакилони Маҷлиси вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилояти Хатлон хатм намуданд.