Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО соҳиби нақлиёти сайёри тиббӣ гардид
Ба Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як адад нақлиёти сайёри тиббӣ тақдим гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
Нақлиёти мазкур дар доираи Барномаи кумаки техникӣ ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар самти мубориза бар зидди ВНМО ва дигар бемориҳои сироятӣ, ки аз ҷониби Федератсияи Россия амалӣ мешавад, дастрас гардид.
Яке аз ҳадафҳои асосии дармонгоҳҳои сайёр- расонидани хадамоти ташхисӣ ва пешгирикунанда дар иртибот ба ВНМО ва дигар бемориҳои сироятӣ ба муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаҳои онҳо мебошад.
Бояд гуфт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани хизмати ройгони тиббӣ тавассути чунин нақлиёти сайёр ба аҳолии мамлакат маъракаи «Корвони саломатӣ» ба роҳ мондааст, ки он марҳила ба марҳила дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир карда мешавад.