Сокини 10-миллионаи Тоҷикистон ба хонае, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон туҳфа карданд, ворид шуд

Имрӯз оилаи тифле, ки баробари таваллуд шуданаш шумораи аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расид, ба манзили истиқоматии нави худ омад, хабар  доданд дар Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дод, бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба оилаи сокини 10-миллонаи кишвар хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо намуданд.

Аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ин оила калиди хонаро муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён ва муовини Раиси пойтахт Дилбар Одилзода тақдим карданд.


Мувофиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони ноҳияи  Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова волидони ин кӯдаки хушбахт- сокини 10-миллионаи кишвар мебошанд.

Падари ӯ муҳоҷири меҳнатӣ ва модараш хонанишин аст. Фирдавс нахустин фарзанди ин оилаи ҷавон мебошад.

Вазни писарчаи нав ба дунё омада 3 кг 250 грамм буда, қадаш 50 см мебошад. Ҳолати кўдаки навзод ҳангоми таваллуд аз ҷониби мутахассисон аз рўи ҷадвали Апгар 7/8 хол баҳо дода шудааст.


Махфират Шокирова ҳамроҳи ҳамсару тифли навзоди худ пас аз рухсат шудан аз таваллудхона ба хонаи сеҳуҷрагии истиқоматии нав омад. Оилаи хуштолеъро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва наздикону пайвандон ҳамроҳӣ намуданд.

Дар робита ба ҷудо намудани хонаи сеҳуҷрагӣ дар яке аз биноҳои истиқоматии навбунёди пойтахти мамлакат аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарори дахлдор ба тасвиб расида, навхонадорон бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин карда шуданд.

Волидайни тифл, ки имрӯз ба хонаи нави худ омаданд, ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва туҳфаи арзишманд арзи сипосу миннатдории бепоён намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE