Мулоқоти муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати кории вилояти Омски Федератсияи Русия

Санаи 13 декабри соли равон мулоқоти муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо Губернатори вилояти Омск Бурков Александр Леонидович баргузор гардид. Дар ин бора ба радиои “Садои Душанбе” аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқоти мазкур ташкилоту муассисаҳои зертобеи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату кумитаҳо ва агентиҳои дахлдор ва ширкатҳои истеҳсолкунандаи молу маҳсулоти ватанӣ ширкат варзиданд.
Муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ оид ба имкониятҳои истеҳсоливу содиротии молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи мамлакат ва дигар масъалаҳо вобаста ба соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гуруҳи кории вилояти Омск маълумот дод.


Ҳамзамон Губернатори вилояти Омск Бурков Александр Леонидович оид ба ҳавасмандии гуруҳи кориро ҷиҳати ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд.
Дар ҷараёни мулоқот намояндагони гуруҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Омск ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар ояндаи наздик ба роҳ мондани содироту воридоти молу маҳсулот, техникаи кишоварзӣ, тақвияти соҳаи илм ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE