Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, соати 14:21 ба вақти маҳалӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза эҳсос гардид.

Тавре аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд, маркази заминларза дар километри 157-уми шаҳри Қундузи Афғонистон ҷойгир буда, қувваи он дар марказ  6,1 балл ва дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил дод.

Масофа аз шаҳри Душанбе то маркази заминларза 279 километрро ташкил медиҳад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE