Рақиб ва замону макони аввалин набарди Нурулло Алиев дар UFC маълум гардид

Размкори маъруфи тоҷик Нурулло Алиев санаи 25 феврал разми аввалини худро дар ташкилоти бонуфузи UFC барпо мекунад.

Рақиби ӯ набардкори бразилӣ Рафаел Алвес мебошад, ки тӯли фаъолияташ 31 набард анҷом дода, дар 20-тоаш пирӯзӣ ва дар 11-и дигараш ноком гаштааст. Набарди онҳо дар мусобиқоти UFC Файт найт-220 баргузор мешавад.

Макони баргузории мусобиқа шаҳри Лас-Вегаси ИМА интихоб шудааст.

Моҳи сентябри соли гузшта, размикори тоҷик Нурулло Алиев дар мубориза барои дарёфти қарордоди имконпазир бо UFC варзишгари амрикоӣ Ҷош Уикиро дар раунди якум шикаст дод ва аввалин тоҷике гардид, ки ба ин созмони бонуфуз роҳ ёфт.

Нурулло Алиеви 22 сола ҳоло бо 8 пирӯзӣ ва ягон бохт фаъолияташро идома медиҳад. Алиев фаъолияти касбии худро дар муҳорибаҳои омехта соли 2018 оғоз кард ва тавонист дар чанд созмони маҳаллӣ ҳунарнамоӣ кунад.

Ба Алиев муҳорибаи бе бохт ва бидуни ҷароҳат таманно менамоем!

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE