Раиси Маҷлиси намояндагон бо сокинони ноҳияи Лахш вохӯрӣ намуд
6 январ Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияи Лахш бо интихобкунандагон мулоқот намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.
Маҳмадтоир Зокирзода доир ба дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 23 декабри соли 2022 зимни ироаи Паёми навбатӣ баён доштанд, муҳтавои нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлатро муфассал шарҳу тавзеҳ дод.
«Тавре Пешвои миллат бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд. Дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт», — иброз дошт Маҳмадтоир Зокирзода.
Номбурда оид ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ, омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, корҳои ободонию ниҳолшинонӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бунёди гармхонаҳо, захираи озуқа дар ҳар оила, риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳу ағбаҳо ибрози назар карда, ба саволҳои сершумори иштирокдорон посух дод.
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода зимни сафари корӣ ба водии Рашт дар ноҳияҳои Нурободу Тоҷикобод ва Лахшу Рашт бо интихобкунандагон вохӯрӣ намуда, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тафсир намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш