Шаҳрвандони Тоҷикистон барои сафар ба Чин бояд дар шиносномаи худ муҳр гузоранд
Аз 8 январи соли равон Чин маҳдудиятҳои асосии вуруд ба кишварро, ки дар доираи мубориза бо коронавирус ҷорӣ шуда буданд, лағв намуд.
Дар Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки шаҳрвандони мо мисли пештара пеш аз сафар ба Чин, бояд тибқи талабот раводид гиранд ва инчунин метавонанд дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ бораи иҷозаи вуруд ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шиносномаи худ муҳр гузоранд.
Аз шаҳрвандони хориҷӣ то ҳол санҷиши COVID-19, ки 48 соат пеш аз сафар гирифта шудааст, талаб карда мешавад, аммо онҳо дигар ҳангоми вуруд ба Чин ба карантин фаро гирифта намешаванд.