Соли 2022 дар шаҳри Ваҳдат 502,3 килограмм маҳсулоти ғайристандартӣ нобуд карда шуд

Мутахассисони озмоишгоҳи Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Ваҳдат дар соли 2022 зиёда аз 1130 намунаи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва маҳсулоти спиртию маводҳои моеи шустушӯиро гузарониданд, ки дар натиҷаи он маҳсулоти хатарнок ва ғайристандартӣ ошкор гардид. Аз ҷумла, ба миқдори 502,3 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, равғани растанӣ, нӯшокиҳои ташнагишикан, машруботи спиртӣ, молҳои парфюмерӣ, 654 адад бозичаҳои кўдакона ва дигар намуди маҳсулоти ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набуда, ки маблағи умумияшон 34011 сомониро ташкил медод, дар ҳайати комиссияи давлатӣ нобуд карда шуд. Дар ин бора директори Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Ваҳдат Пулод Мирализода иттилоъ дод.

Дар соли 2022 дар бахши санҷиш ва назорати давлатии воситаҳои ченаки Маркази ташхиси минтақавии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Ваҳдат озмоишгоҳи санҷиши ҳисобкунакҳои барқӣ ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа аз тарафи бахши воситаҳои ченак 4388 воситаи ченак аз назорати давлатӣ гузаронида шуда, бо шаҳодатномаи ваколатдор таъмин гардид.

Соли гузашта аз тарафи бахши баҳодиҳии мутобиқат ба корхонаҳои истеҳсоли молу маҳсулот 221 адад сертификати мутобиқат дода шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE