Ҳайати Федератсияи байналмилалии дзюдо ба Душанбе омад

10 январ дар шаҳри Душанбе мулоқоти намояндагони Федератсияи дзюдои Тоҷикистон (ФДТ) ва ҳайати баландпояи Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) баргузор гардид. Дар ин бора дар Федератсияи дзюдои кишвар хабар доданд.Дар мулоқот муовини аввали президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ва роҳбари ҳайатаи Федератсияи байналмилалии дзюдо Владимир Барта ҳамкории ду ниҳоди варзиширо дар самти тақвият бахшидани корҳо дар амалисозии иқдомҳои нави ФДТ баррасӣ намуданд.Роҳбари ҳайати меҳмонон паёми табрикотии президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визерро ба президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир барои интихоб шудан ба ин вазифа расонид.Ёдовар мешавем, ки имсол дар пойтахти Тоҷикистон бори аввал дар таърих мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ — Гран-при оид ба дзюдо, ки дар он наздик ба 300 нафар варзишгарон аз зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон барои дарёфти имтиёзҳои олимпӣ мубораза хоҳанд бурд, баргузор мегардад.Мусобиқа 2 июни соли 2023 ба нақша гирифта шуда, дурӯз идома меёбад. Мусобиқа «Grand Prix Dushanbe-2023» ном гирифтааст.Қаблан бо ташаббус ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии дзюдо оид ба баргузор намудани мусобиқаи «Grand Prix Dushanbe» барои солҳои 2023-2026 дар пойтахт тавофуқ ба даст омад.Чанде пеш созишномаи лахлдор дар шаҳри Абузабӣ миёни Федератсияи байналмилалии дзюдо ва Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба имзо расид.Сипас ҷонибҳо зикр карданд, ки дзюдо яке аз навъҳои варзиши рушдёфта дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва Душанбе талош меварзад, то мусобиқа дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шавад.Бояд гуфт, ки Гран-при оид ба дзюдо («Grand Prix») ҳар мавсим дар доираи мусобиқаҳои ҷаҳонӣ баргузор мешавад. Дар баъзе мусобиқаҳо варзишгарон метавонанд барои рейтинги олимпӣ хол ба даст оранд.Дар охири мусобиқа ҳар як ғолиб соҳиби 1800 хол мегардад. Ин шумораи холҳо бораи ба даст овардани роҳҳат ба бозиҳои Олимпии Париж -2024 кумак хоҳанд кард.

АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE