Имрӯз дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба шоҳмот оғоз мегардад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин чорабинии варзишии сатҳи баланд иштироки тақрибан 250 шоҳмотбоз аз 15 кишвар пешбинӣ шудааст.

Мусобиқа дар ду гурӯҳ — «А» ва «Б» — баргузор мегардад, то сатҳи баланди рақобати варзишӣ ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи иштирокчиён таъмин гардад.

Фонди умумии ҷоизавии мусобиқа 50 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Мусобиқа то 16 ноябр идома меёбад.

АКС: Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE