Маркази байналмилалии омӯзишӣ-методии мониторинги молиявии Россия довталабони тоҷикро барои таҳсил даъват менамояд

Маркази байналмилалии омӯзишӣ-методии мониторинги молиявии Федератсияи Россия довталабонро барои таҳсил ба мактабҳои олии ин кишвар даъват менамояд. Дар ин бора дар Бонки миллӣ хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО), ҳамкориро бо Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия ва Маркази байналмилалии омӯзишӣ — методии мониторинги молиявии ин кишвар баҳри омода намудани мутахассисони ватанӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар мактабҳои олии Федератсияи Россия ба роҳ мондааст.

Айни замон марҳилаи навбатии қабули довталабон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар макотибҳои олии Федератсияи Россия барои солҳои 2023-2024, барои бакалавр, спетсиалитет ва магистратура оғоз гардидааст.

Қобили зикр аст, ки бақайдгирӣ дар сомонаи education-in-russia.com то 20 феврали соли равон идома меёбад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE