Дар Тоҷикистон корхонаҳои истеҳсоли лавозимоти варзишӣ бунёд мешавад
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони Ҷумҳурии Корея нақша дорад, ки корхонаҳои истеҳсоли лавозимоти варзиширо дар Тоҷикистон таъсис диҳад, иттилоъ доданд аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Ин тасмим дирӯз, зимни вохӯрии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Корея ба миён гузошта шуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба истифодаи технологияҳои нав дар варзиш, ҷалби сармоягузорӣ ҷиҳати рушди намудҳои гуногуни варзиш табодули афкор намуданд.