Дар Душанбе натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Масъалаҳои бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва боз ҳам беҳтар кардани фаъолият дар соли равон 17 январ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Дар ин бора аз Вазорати мазкур  хабар доданд.

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар соли 2022 ва вазифаҳо то шашмоҳаи якуми соли 2023 таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода доир шуд.

Дар он муовинони вазир, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Иноятулло Қосимзода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ, намояндагони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия, Қазоқистон, Чин, Узбекистон, Туркия, Олмон иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли 2022 тариқи рӯнамо гузориши муфассал пешниҳод гардид.

Завқӣ Завқизода ҷиҳати иҷрои пурра ва самараноки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои низомномавии вазорат, инчунин бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва боз ҳам беҳтар кардани фаъолият дар соли 2023 ба масъулин супоришҳо дод.

Дар охири ҷаласаи ҳайати мушовара вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE