Дар Тоҷикистон шахсони аз 60-сола боло бо ваксинаи чорум фаро гирифта мешаванд

Тавре қаблан иттилоъ додем, бо дарназардошти вазъи мураккаби бемории COVID-19 дар якчанд кишвари ҳамсоя дар Тоҷикистон шурӯъ аз 16 август даври чоруми маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз гардид. Дар ин марҳила аллакай 36 ҳазору 635 нафар кормандон ба ваксинатсия бар зидди бемории ҳамагири COVID-19 фаро гирифта шуданд.

Дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» сардори Раёсати бехатарии санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров иброз намуд, ки ба давраи чоруми  ваксинатсия шахсони аз 60-сола боло фаро гирифта мешаванд.

«Нафароне, ки аз 60-сола боло буда, ваксинаи сеюмро се ё шаш моҳ пеш гирифтаанд, метавонанд ваксинаи чорумро қабул намоянд.  Тибқи нақша,  баъд аз табибон шаҳрвандони синни аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ бо вояи чоруми ваксина фаро гирифта мешаванд. Ин амал дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  идома меёбад», — гуфт ҳамсуҳбати мо.

Бояд гуфт, ки аз оғози маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 то 19 август 5 миллиону 312 ҳазору 807 нафар (94,9 фоиз) бо вояи якум, 5 миллиону 221 ҳазору 534 нафар (93,3 фоиз) бо вояи дуюм ва 4 миллиону 927 ҳазору 758 нафар (88,0 фоиз) бо вояи сеюм бар зидди сирояти мазкур фаро гирифта шуданд.

То имрӯз бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба ваксинатсия бар зидди ин сироят фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ба Тоҷикистон 18 миллиону 290 ҳазор воя ваксинаи зидди COVID-19 ворид гардидааст.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, агар зимни ваксинагузаронӣ одамон ба бемории сироятӣ ё зуком гирифтор ва ё дорои нишонаҳои ин маризиҳо бошанд, ваксинагузаронии ин гуна шахсон то давраи барқарор гардидани саломатиашон ба вақти дигар гузошта мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE