Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон вохӯрӣ кард
23 феврали соли 2024 вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. Нуримбетов доир гардид. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар доданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи санадҳои баимзорасида, аз ҷумла оид ба густариш ва тавсияи ҳамкориҳо дар самти кооператсияи сиёсӣ, саноатӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайра изҳори назар гардид.
Суҳбат дар фазои дӯстонаю бародарона ва таҳкими ҳар чи бештари ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ баргузор гардид.