Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ Ҳусейн Ал Мусаллам

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ Ҳусейн Ал Мусаллам мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташрифи меҳмонони олиқадрро ба пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфтанд.

Президенти Федератсияи байналмилалии шиноварӣ Ҳусейн Ал Мусаллам оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш, хосатан варзиши обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии шиноварӣ ибрози назар намуда, гуфт, ки барои рушду густариши соҳа тадбирҳои мушаххасу амалӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ дурнамои ҳамкории минбаъда дар соҳаи варзиш, аз ҷумла ҳолати кунунӣ ва рушди навъҳои варзиши обӣ ба таври муфассал баррасӣ карда шуд.

Тазаккур дода шуд, ки солҳои охир барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароиту имконоти мувофиқ ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ фароҳам гардида, шаҳри Душанбе метавонад дилхоҳ мусобиқаҳои байналмилалии варзиширо мизбонӣ намояд.

Дар охир Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  ҷиҳати ҳамкорӣ барои рушд ва инкишофи навъҳои варзиши обӣ дар мамлакат ба меҳмонон изҳори сипос намуданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE