Президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир бо Сафири Ҷопон Тошиҳиро Айки мулоқот намуд

26 январ мулоқоти Президенти Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ва Сафири Фавқулодаи  Ҷопон дар Тоҷикистон  Тошиҳиро Айки баргузор гардид. Дар ин бора дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ мусоҳибон имконоти рушди дзюдоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Таъкид шуд, ки Федератсияи дзюдои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ 5 маркази олимпии  дзюдо бунёд намояд.

Ҳамзамон музокирот барои бастани қарордод бо мутахассисони дзюдои ҷопонӣ барои омодагии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 ва Лос-Анҷелеси соли 2028 идома дорад.

Сафир Тошиҳиро Айки ба рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба бо Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ва дастгирии ташаббусҳое, ки ба таблиғи арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии дзюдо нигаронида шудаанд, изҳори боварӣ намуд.

Ҳамчунин нақшаҳои федератсия оид ба баргузории Гран-при Душанбе дар доираи Сайри ҷаҳонии дзюдо, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ роҳандозӣ мешавад, инчунин ҷорӣ намудани дзюдо дар мактабҳо ва тарғиби он байни занон баён гардид.

Зимни вохӯрӣ Президенти федератсия Исмоил Маҳмадзоир аз Тошиҳиро Айки даъват намуд, ки дар маросими ифтитоҳи  Чемпионати Тоҷикистон  оид ба дзюдо, ки 11-12 феврали соли 2023 баргузор мешавад, иштирок  намояд.

АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE