Дар ҳудуди шаҳри Душанбе мониторинги минтақаҳои хавфнок гузаронида шуд

Бо мақсади омодагӣ ба обхезиву боронҳои баҳорӣ, инчунин пешгирии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ, аз қабили обхезӣ, сел, ярч аз ҷониби мутахассисони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо намояндагони Раёсати обёрии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар чаҳор ноҳияи пойтахт минтақаҳои эҳтимолан хавфнок ва манбаъҳои офатҳои табиӣ тадқиқ карда шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2023» пеш аз мавсими боронҳои пай дар пайи фасли баҳори имсола ташхиси минтақаҳои ба ҳолатҳои фавқулода осебпазири ноҳияҳои шаҳри Душанбе гузаронида шуд.

Тадқиқот дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ — ҳудуди маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва Хуҷамбиёи поён, Нодир, кӯчаҳои А.Мухторов, маҳаллаи Навобод, селпартоҳои Дуғоба, Қиблаӣ ва Қамчин, дар ноҳияи Шоҳмансур дар маҳаллаҳои Бӯстон-1, Бӯстон-2, Бадахшон, селҷамъшавии Лойоб ва Охтоқ, селпартоҳои Қаротегин, Шӯрак ва истгоҳи насосии «Кофарниҳон», дар ҳудуди ноҳияи Сино — маҳаллаҳои Лучоби боло ва поён, Пахтакор, Чортути боло ва поён, Маҳмадшоҳ ва канали «Янгичоряккорон» ва дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ — дар маҳаллаҳои Сарикиштӣ, Чимтеппа ва ноҳияи 63 гузаронида шуданд.

Санҷиш нишон дод, ки минтақаҳои хавфноки  тафтишшуда дар ҳолати муътадил қарор доранд.

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ташкили тадбирҳои омодагӣ ба боронҳои шадиди  баҳорӣ хабар дод.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE